Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия мумкин аст ба сипари зиддимушакӣ розӣ шавад


Вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров, ишора кард, ки кишвараш метавонад, мухолифати худро ба истиқрори сипари зиддимушакии Амрико дар Лаҳистон ва Ҷумҳурии Чех бознигарӣ кунад. Барои ин гуфт, Лавров, Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳои он дар Аврупо кафолат диҳанд, ки ин шабака зидди Русия нигаронида нашудааст. Лавров имрӯз дар Варшава бо сарони Лаҳистон масъалаи сипари зиддимушакии Амрико дар Аврупоро баррасӣ мекунад. Вай дар рӯзномаи лаҳистонии "Газета Виборжа" аз Лаҳистон ва давлатҳои Аврупо хостааст, воқеъиятҳои нави, ба гуфтаи ӯ, Қафқозро, қабул кунанд.
XS
SM
MD
LG