Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли Имоми Аъзам. Назари коршиносони Русия


Коршиноси рус Алексей Мухин мегӯяд, ҷашнвораҳои мутаадиди давлатиро авомфиребӣ арзёбӣ кард
Коршиноси рус Алексей Мухин мегӯяд, ҷашнвораҳои мутаадиди давлатиро авомфиребӣ арзёбӣ кард

Назари исломшиносон ва сиёсатмадорони Русия ба эъломи соли бузугдошти Имоми Аъзам - Абу Ҳанифа дар Тоҷикистон мутафовит аст.

Артём Улунян, профессори таърих ва донишманди масоили сиёсиву мазҳабии Осиёи Марказӣ, аз ин ибтикори раисиҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол мекунад, аммо раиси марказии иттилооти сиёсии Маскав Алексей Мухин бо ишора ба ҷашнҳои ҳарсола дар Тоҷикистон мегӯяд, мақомот ба ин васила вазифаи сиёсии худро ҳал мекунанд ва модом, ки мардум ба чунин ҷашнҳо таваҷҷӯҳ доранд, пас муваффақона истифода мебаранд.

Сиёсатшинос тавзеҳ кард: «Аслан чунин тадбири ҷалби таваҷҷӯҳи мардум аз замонҳои пеш андешида шудааст. Дар ҷараёни чунин маъракаҳо шиддати авзоъи иҷтимоъӣ коҳиш меёбад. Аз он ки мақомот ба пешрафти иҷтимоъиву иқтисодӣ кам таваҷҷӯҳ доранд, метавон интиқод намуд ва ҷашнвораҳои мутаадидро авомфиребӣ арзёбӣ кард». Коршинос ҳамзамон таъкид кард, агар чунин ҷашнҳо ба хотири ваҳдати миллӣ, холисона барпо шаванд, судманд хоҳанд буд.

Профессор Артём Улунян низ ба ҳамин назар аст. Донишманд мегӯяд, пас аз ҷанги шаҳрвандӣ мақомоти Тоҷикистон барои коҳиши нуфӯзи мазҳаб дар ҷомеъа соли «Ориёиҳо» эълом карданд, вале воқеъият нишон дод, ки ин тадбир муассир набудааст, ба ҳамин далел ба чеҳраи бузурги мазҳабӣ рӯ овардани Эмомалӣ Раҳмон ҳисобшуда аст.

Дар вазъи кунунӣ дар назар бояд дошт, ки ҷараёни исломии Ҳанафия ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Осиёи Марказӣ густариши чашмгир дорад. Ҳанафия ҷараёни радикалӣ ва ё тундагаро ба шумор намеравад. Ба ҳамин хотир эъломи соли бузургдошти Абу Ҳанифа талошест ҷиҳати созиш додани назарияи таърихиву анъанавии ориёӣ ва ҳама гуна назарияи имконпазири мазҳабӣ - гуфт профессор Улунян.

Ин дар ҳолест, ки исломшиноси пажӯҳишгоҳи Шарқшиносии Санкт-Петербург Олег Болшаков мегӯяд, «Абу Ҳанифа ба таъриху анъаноти тоҷикон ҳеҷ гуна умумияте надорад, ҳарчанд он меъёрҳои ҳуқуқие ки Абуҳанифа муқаррар намуд,ояндаи паҳлӯҳои зиндагии ҳуқуқии мусулмонон, аз ҷумла тоҷиконро низ муайян кард». Ҳамзамон донишманд афзуд, Абу Ҳанифа поягузори ҳуқуқи исломӣ шинохта шудааст. Маҳз тавассути Абу Ҳанифа ҳуқуқи исломӣ комил шуд.

Исломшиноси петербургӣ мегӯяд, ҳуқуқи исломӣ баргирифта аз низоми ҳуқуқии римиҳо ва сосониҳост. Дар он ҳам муқаррароти ҳуқуқии римиҳо ва ҳам муқаррароти ҳуқуқии Сосониён шомил шудааст. Абуҳанифа ки набераи асири эронӣ буд, дар шаҳри Куфа зиндагӣ мекард. Дар ин шаҳр эрониёни зиёде ҳам ба сар мебурданд ва ин муҳит барои ташкили мактаби ҳуқуқии исломии Абуҳанифа таъсир судманд доштааст - гуфт донишманд.

Эъломи соли имоми бузург Абу Ҳанифа дар Тоҷикистон дар расонаҳои хабарии исломии Русия бозтоби густурда дорад. Сомонаи интернетии «Арриёд» бо зикри хайр ва бузургдошти бунёдгузори мактаби ҳуқуқшиносии исломии суннии ҳанафӣ навиштааст, Имоми Аъзам – Абу Ҳанифа 1300 сол пеш дар шаҳри Куфа ба дунё омадааст ва ниёгонаш аз мардумони Кобул будаанд.

XS
SM
MD
LG