Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози расмии Покистон аз мудохилаи нерӯҳои Амрико


Яке аз раҳбарони ҳарбии Покистон вуруди, тибқи хабарҳо, нерӯҳои таҳти сарварии Амрикоро ба қаламрави кишвари худ шадидан танқид кард. Дар як изҳороти катбӣ, генерал Ашфақ Каёнӣ, навишт, "ягон нерӯи беруна ҳақ надорад, дар дохили Покистон амалиёт анҷом диҳад." Вай афзудааст, Покистон аз истиқлолияти худ бо ҳар баҳое дифоъ хоҳад кард. Рӯзномаи "Ню Йорк Таймс" ба нақл аз як манбаъи беном дар ҳукумати Амрико навиштааст, президент Ҷорҷ Буш дар моҳи июл ба таври махфӣ дастури амалиёти нерӯҳо дар Покистонро бе ҳамоҳангӣ бо ҳукумати Покистон имзо кардааст.
XS
SM
MD
LG