Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳарбиёни Амрико ҷанги Афғонистонро "душвор" номиданд


Раҳбарони низомии Иёлоти Муттаҳида иқрор карданд, ки нерӯҳои байнулмилалии таҳти сарварии Ғарб дар Афғонистон гирифтори ҷанги душворе бо ситезаҷӯёнанд. Амирулбаҳр Майк Муллен, сардори Ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико, ба аъзои Кумитаи хадамоти мусаллаҳонаи Палатаи намояндагони Иёлоти Муттаҳида гуфт, мӯътақид нест, амалиёти Афғонистон дар ҳоли пирӯзист, аммо бовар дорад, ки нерӯҳои таҳти сарварии Амрико ғолиб хоҳанд омад. Вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида, Роберт Гейтс дар ин нишаст афзуд, ошӯбгарӣ дар Афғонистон то замоне идома хоҳад кард, ки ситезаҷӯён аз паноҳгоҳи худ дар Покистон маҳрум нашаванд. Вай гуфт, ошӯбгарон дар Афғонистон аз соли 2006 ба ин сӯ "иддаъои бузургтар, пешрафти таслиҳотӣ ва ҳамоҳангии бештар" пайдо кардааст.
XS
SM
MD
LG