Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Усома бин Лодин куҷо шуд?


Усома бин Лодин
Усома бин Лодин

Ҳафтумин солгарди ҳамлаҳои террористӣ дар ИМА талхтарин хотироти ин фоҷеаро, ки ҳаёти тахминан се ҳазор нафарро аз байн бурдааст, рӯшан мекунад.

11-уми сентябри соли 2001-ум террористон чор ҳавопаймои мусофирбарро рабуда, ҳамчун силоҳ истифода бурданд. Ду ҳавопаймои аввал ба биноҳои дугоники Маркази Ҷаҳонии Тиҷорат дар шаҳри Ню Йорк бархӯрданд. Дар ин ҳодиса тахминан 2800 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳавопаймои сеюм дар шаҳри Вашингтон ба бинои вазорати мудофиаи ИМА: Пентагон исобат намуд. Дар ин ҳодиса ҷамъан 189 нафар кушта шуданд. Билохира ҳавопаймои чорум дар назди шаҳри Шанксвили аёлати Пенсилвания сарнагун шуд.

ИМА шабакаи террористии «Ал-Қоида»-ро масъули тарҳрезиву иҷрои ин ҳамлаи ваҳшатбор номида, тирамоҳи ҳамон сол бар зидди ҳукумати Толибони афғон, ки ба раҳбари ал-Қоида Усома бин Лодин паноҳгоҳ дода буд, амалиёти низомӣ раҳандозӣ намуданд. Инак ҳафт сол гузашт, вале Усома бин Лодин ҳанӯз ҳам дар озодӣ асту Толибон низ шикаст нахӯрдаанд.

Рӯзи чоршанбе Қасри Сафед бо ишора ба нокомӣ дар боздошти Усома бин Лодин иброз дошт, фирори ҳафтсолаи раҳбари шабакаи террористии «Ал-Қоида» аз он шаҳодат медиҳад, ки нерӯҳои мусаллаҳ ва хадамоти кашфи ИМА маҳдудият доранд.

Хонум Дана Перино сухангӯи Қасри Сафед гуфт, "ин филм нест ва мо ҳам дорои нерӯи фавқулода намебошем." Номбурда афзуд, ки ИМА ва муттафиқонашон ҳамоно саъй доранд, раҳбарони Ал-Қоидаро ба ҷавобгарӣ кашанд. Тахмин мешавад, ки Бин Лодин - раҳбари созмони масъули тарҳрезиву иҷрои ваҳшатноктарин ҳамлаҳои террористӣ дар таърихи ИМА, дар манотиқи қабилаҳои миёни Афғонистону Покистон пинҳон аст.

Мунаққидони президенти ИМА Ҷорҷ Буш мегӯянд, ки амалиёт дар Ироқ нерӯро пароканда кард. Сенатори демократ Ҳаррӣ Рейд иброз дошт, ки маъмурияти президент Буш барои боздошти душмани рақами 1-и ИМА захираи кофии инсониву молӣ тахсис надодааст. Аммо ходимони Қасри Сафед мегӯянд, ҷанг бо террор бо шикори як фарди алоҳида маҳдуд шуда наметавонад.

Хонум Перино гуфт, президент Буш боздошти Усома Бин Лодинро ягон лаҳза аз маркази таваҷҷӯҳ дур накардааст. Ӯ илова кард, ки ИМА дар маҳви фаъолияти шабакаи Ал-Қоида муваффақ аст. Аз ҷумла Холид Шайх Муҳаммад тарҳрези ҳамлаҳои 114уми сентябр дар зиндони Гуантанамо мунтазири муҳокима аст.

Имрӯз Ҷорҷ Буш соати 8:45-и бомдод, яъне замони ҳамлаи аввал болои Маркази Ҷаҳонии Тиҷорат, ба ёди қурбониҳои ҳамла дар Қасри Сафед дақиқае хомуширо рияо намуда, сипас дар маросими ёдбуд дар бинои Пентагон ҳузур хоҳад дошт.

Дар арафаи солгарди ҳамлаҳои 11-уми сентябр Ҷорҷ Буш гуфт, ки ирсоли неоӯҳои иловагӣ ба Ироқ дар таҳкими вазъи амниятии ин кишвар саҳми бузург гузошт ва ҳоло имкон пайдо шудааст, ки дар баъзе вилоятҳо масъулитяи таъмини амниятро ба нерӯҳои ироқӣ таҳвил намуда, шуморе аз сарбозони амрикоиро ба Афғонистон фиристанд:

"Дар марҳилаи оянда мо бори дигар нерӯҳои амниятии Афғонистон ва қабилаҳои афғониро ба гирифтани нақши ҳалкунанда дар раванди бунёди Афғонистони демократӣ ташвиқ мекунем. Ба Толибону Ал-Қоида имкони бозгашт ба сари қудрат дода намешавад. Сарнавишти террористон дар Афғонистон мисли азияти террористон дар Ироқ хоҳад буд. Ва онҳо низ шикаст мехӯранд".

Номзади ҳизби демократ дар интихоботи президентии ИМА сенатори ҷумҳурихоҳ аз иқдомҳои президент Буш пуштибонӣ мекунад, вале рақиби демократиӯ Барак Обама мегӯяд, "яке аз хатоҳои бузургтарин ин буд, ки кор дар Афғонистонро ба анҷом нарасонда, таваҷҷӯҳ ба тарафи дигар тамаркуз ёфт".

Ҳар ду номзади курсии президенти ИМА тасмим гирифтаанд имрӯз дар маросими ёдбуди қурбониҳои ҳамлаҳои 11-уми сентябр ширкат варзанд.

XS
SM
MD
LG