Пайвандҳои дастрасӣ

Бозгашти сарбозони Канада аз Афғонистон


Сарвазири Канада Стивен Ҳарпер мегӯяд, кишвараш тасмим гирифтааст, дар соли 2011 ҳузури низомӣ дар Афғонистонро хотима бахшад.
Дар як паёми пешазинтихоботии моҳи октябри соли равон ӯ гуфт, Канада намехоҳад, ки ҳузураш дар Афғонистон аз даҳ сол бештар бошад. Ӯ афзуд, ки ҳукумати соҳибистиқлоли Афғонистон бояд масъулияти таъмини назму суботро бар дӯши худ гирад.
Моҳи март қонунгузорони Канада ҳузури низомиёнаш дар Афғонистонро то соли 2011-ум тамдид намуданд. Феълан 2500 афсару сарбози Канада дар ҷануби Афғонистон, асосан дар вилояти Қандаҳор, ифои вазифа мекунанд. Дар давоми наздик ба ҳафт соли ҳузури низомиёни Канада дар Афғонистон тахминан 100 сарбози Канада ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG