Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон ба Туркия нерӯи барқ мефурӯшад


Вазири энергетикаи Арманистон Армен Мовсисян гуфт, ки кишвараш созиши интиқоли нерӯи барқ ба Туркияро имзо кард.
Ба гуфти номбурда интиқоли нерӯи барқи Арманистон ба манотиқи шарқии Туркия ибтидои соли 2009-ум шурӯъ мешавад.
Ин аввалин нишонаи беҳбуди равобити миёни ду кишвар аст. Ҳафтаи гузашта бо даъвати раисҷумҳури Арманистон Серж Саркисян президенти Туркия Абдуллоҳ Гул ба Ереван сафари таърихӣ анҷом дода, умеди хатми душманиҳои наздик ба якасраи ду кишварро афзоиш дод. Ҳамчунон тахмин мешавад, ки Туркияву Арманистон равобити дипломатӣ таъсис хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG