Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳони ИМА аз вазъи Афғонистон нигаронанд


Фармондеҳони низомии ИМА эътироф мекунанд, ки нерӯҳои байналмилалии зери раҳбарии кишварҳои ғарбӣ дар Афғонистон бо мушкилӣ мувоҷеҳ мебошанд.
Раиси ситоди муттаҳидаи нерӯҳои мусаллаҳи ИМА адмирал Майкл Маллен ба вакилони Конгресси ИМА гуфт, ки феълан дар Афғонистон нерӯҳои байналмилалӣ дастболо нестанд, вале ӯ бовар дорад, ки дар ниҳояти амр нерӯҳои зери раҳбарии ИМА пирӯз хоҳанд шуд.
Бо ишораи тамсилӣ ба камбуди вақт Маллен даъват кард, ки стратегияи васеътари мубориза бо ҷангҷӯён дар ҳар ду тарафи марзи миёни Афғонистону Покистон тасвиб шавад.
Ба гуфти ин фармондеҳ барои маҳви паноҳгоҳҳои ҷангҷӯён дар манотиқи қабилаҳои Покистон ҳамкории зичтаре бо мақомоти покистонӣ зарур аст.
Рӯзи сешанбе президенти ИМА Ҷорҷ Буш эълон кард, ки то моҳи феврали соли оянда тахминан 4000 афсару сарбози амрикоӣ ба Афғонистон фиристода мешаванд.

XS
SM
MD
LG