Пайвандҳои дастрасӣ

Гейтс: Ҷанги Ироқ ба марҳилаи ниҳоӣ расид


Вазири мудофиаи ИМА Роберт Гейтс мегӯяд, ба фикри вай ҷанги Ироқ ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст. Дар сӯҳбат бо аъзои Кумитаи хадамоти низомии Маҷлиси намояндагони Конгресси ИМА Гейтс гуфт, ки дар Ироқ авҷи хушунат пушти сар шуд ва кишвар дар самти таҳкими назму суботи сиёсӣ ҳаракат дорад.
Дар айни замон вазири мудофиаи ИМА ҳушдор дод, ки вазъ устувор ва бебозгашт намебошад.
Ба қавли Гейтс қарорҳое, ки моҳҳои оянда мақомоти ИМА қабул мекунанд, барои амнияти минтақа ва манфиатҳои миллии ИМА аҳамияти бузург хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG