Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуди қурбониҳои ҳамлаҳои 11-уми сентябр дар ИМА


Имрӯз дар ИМА маросими ёдбуди ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябри соли 2001-ум, ки ҳаёти наздик ба 3000 нафарро аз байн бурдаанд, барпо хоҳад шуд.
Пешбинӣ мешавад, ки дар маросими ёдбуди қурбониҳо дар макони ҳамла болои бинои дугоники Маркази Ҷаҳонии Тиҷорати шаҳри Ню-Йорк номзадҳои курсии президенти ИМА аз ҳизби ҷумҳурихоҳ Ҷон Маккейн ва аз ҳизби демократ Барак Обама ширкат меварзанд.
Террористони марбут бо шабакаи Ал-Қоида масъули ин ҳамлаҳо номида мешаванд. Онҳо 11 сентябри соли 2001-ум чор ҳавопаймои мусофирбарро рабуда, сипас ҳамчун силоҳ истифода бурданд. Ду ҳавопаймои аввал ба биноҳои дугоники Маркази Ҷаҳонии Тиҷорати шаҳри Ню-Йорк бархӯрданд. Ҳавопаймои сеюм дар Вашингтон болои бинои Пентагон суқут кард. Билохира ҳавопаймои чоруми рабудашуда дар як майдони назди шаҳри Шанксвили аёлати Пенсилвания сарнагун шуд.
XS
SM
MD
LG