Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷашни бузургдошти Рудакӣ дар Панҷрӯд анҷом гирифт


Имрӯз дар деҳи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент ҷашни бузургдошт аз 1150-солагии Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ баргузор шуд. Тибқи гузориши хабарнигори радиои Озодӣ аз маҳали ҷашн, дар барномаҳои бузургдошт ҳудуди се ҳазор нафар шоъиру нависанда, донишмандон ва ҳунармандон аз 22 кишвар ширкат доштанд. ЮНЕСКО ё муассисаи фарҳангӣ ва илмиву омузишии СММ 1150-солагии Рӯдакиро ҷашни байналмилалӣ эълон кардааст ва дар чаҳорчӯбаи ин ҷашн барои обод кардани оромгоҳи шоир ба ҳукумати Тоҷикистон кӯмак мекунад. Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷкистон имрӯз дар Панҷрӯд дар ин бора чунин гуфт:

"Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки оромгоҳи устодро мувофиқи тарҳи меъмории биноҳои асри даҳи милодӣ ва тақозои истиқлолу давлатдории миллӣ ба охир расонад".
Дар Панҷруд раҳбарони Тоҷикистон ва меҳмонон парда аз руи нимпайкараи шоъир бардоштанд ва гуфтанд, дар оянда оромгоҳ ба маҳали зиёрати аҳли адабу фарҳанг табдил хоҳад ёфт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG