Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон ва Афғонистон. Оғози созиш?


Ҳомиди Карзай, раисҷумҳури Афғонистон танҳо раҳбари хориҷӣ буд, ки дар маросими савгандёдкунии раисҷумҳури нави Покистон Осиф Алии Зардорӣ дар Исломобод иштирок дошт. Ду раҳбар тааҳҳуд карданд, ки дар самти беҳбуд бахшидани муносиботи дуҷониба ҳамкории бештар ба роҳ монда, қабл аз ҳама барои идомаёбии ҷанги зидди террор дар манотиқи ҳаммарз ба иттифоқи назар даст ёфтанд. То имрӯз равобити Афғонистону Покистон маҳз дар ҳамин мавзӯъ вориди таниши шадиде шудааст ва суханҳое, ки аз забони ду раҳбар дар маросими рӯзи сешанбе садо дод, он чизе буд, ки шояд бисёриҳо дар минтақа интизораш доштанд.

Абӯбакри Сиддиқӣ

Аҳмад Рашид - сиёсатшиноси маъруфи покистонист, ки тайи беш аз сӣ соли охир равобити Афғонистону Покистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст. Вай мегӯяд, дар ҳоле, ки хоҳиши зиёди раисҷумҳури нави Покистонро барои барқарор шудани равобит ва ҳамкориҳои наздик бо Афғонистон бараъло дидан мумкин аст, ҳанӯз мушаххас нест, ки оё дар ин замина мавқеи низомиён чӣ хоҳад буд. Ва ин чолиши аслии Осиф Алии Зардорӣ, раисҷумҳури нави Покистон мебошад:

"Ба фикри ман, Зардорӣ ҳоло бештар бояд бо низомиёну хадамоти иттилоотӣ барои тағйир додани сиёсати Афғонистон мубориза барад, то бо Карзай. Ҳамсари Зардорӣ нахуствазири пешин Беназир Бҳутто қабл аз кушта шуданаш бо Карзай мулоқоте анҷом дод ва равобити онҳо хеле хуб буд ва ҳоло Зардорӣ ҳам ин муносиботро идома медиҳад".

Хабарҳои ахири байнулмилалӣ ҳокӣ аз он аст, ки раҳбарияти интизомии Покистон бо ИМА ба тавофуқе даст ёфтанд, ки барои хотима додан ба мухолифатҳои низомӣ дар қаламрави Покистон равона шудааст. Аммо ба андешаи таҳлилгар Аҳмад Рашид, ҳоло имтиҳони асосӣ барои мақомоти Покистон ин аст, ки оё онҳо зидди раҳбарони ҷумбиши Толибон ҳаракат хоҳанд кард ё на, чунки то имрӯз бовар меравад, ки гурӯҳҳои ситезаҷӯи Толибон маҳз аз хоки Покистон идора мешаванду амалиёт ба роҳ мемонанд.

"НАТО ва амрикоиҳо ҳанӯз дар масоили бисёр аз Покистон норозӣ ҳастанд. Ҳанӯз ҳам аломате роҷеъ ба фаъолиятҳои Покистон алайҳи раҳбарияти Толибони Афғонистон ба чашм намерасад. Баъзе аз онҳо дар вилояти ҷанубуғарби Балуҷистони Покистон ба сар мебаранд. Фикр мекунам, то замоне, ки мо шоҳиди баъзе иқдомоти покистониҳо зидди раҳбарияти Толибони Афғонистон нашавем, ҳеҷ тағйироти ҷиддие дар ин замина ба миён нахоҳад омад".

Дар тӯли чанд моҳи охир садҳо ҷангиёну сарбозҳо ва мардуми осоишта дар ҷангҳои миёни нирӯҳои амниятии Покистон ва ситезаҷӯзёни исломӣ, ки аз онҳо бо истилоҳи воҳиди Толибон дар манотиқи қавмӣ дар вилояти шимолу ғарби Покистон ёд мешавад, ба ҳалокат расиданд.

Кобул, Вашингтон ва НАТО барои болоравии мавҷи хушунатҳо дар Афғонистон Толибон ва пайравони Ал-Қоидаро муттаҳам мекунанд. Дар ин охирҳо ИМА амалиёти зидди ин гурӯҳҳоро вусъат бахшидааст. Тибқи гузоришҳо, рӯзи душанбе эҳтимолан як мушаки амрикоӣ болои мадрасаву манзилҳои Толибоне партоб шудааст, ки бо фармондеҳ Ҷалолиддини Ҳаққонӣ дар иртибот буданд ва дар натиҷа, ду мақоми баландпояи ал-Қоидаро дар Вазиристони Шимолӣ ба ҳалокат расонидааст.

Ҳумоюнхон, дар гузашта як ходими дипломатии Покистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз Пешавар гуфт, ки вазъи манотиқи қабиланишин нигаронкунанда шуда ба мушкили рақами яки Покистон табдил шудааст ва Карзай ҳам ба он хотир даъват шуд, ки омодагии ҳукумати навро барои муқобила бо ин чолиши ҷиддӣ бо чашми худ бубинад.

"Ба андешаи ман, сабаби аслии даъват шудани Карзай намоиши масъалаи аввалиндараҷа будани вазъи манотиқи қабиланишин дар чашми ҳукумати Покистон буд. Ин ба он хотир буд, ки бародарони афғони мо ва амрикоиҳо муддатҳост шак доранд, ки Покистон барои хатми мухолифатҳои низомии ситезаҷӯён кори кофӣ анҷом медиҳад".

Ҳумоюнхон афзуд, ки дар ҳар ду тарафи марзи Покистону Афғонистон қавми пашту ба сар мебарад ва ҳамкориҳои ояндаи ду давлат танҳо барои ба эътидол овардани вазъ ва хатми ҷангҳои тӯлонимуддат мусоидат хоҳад кард. Вай афзуд, ки ҳар ду ҷониб ҳам дарк ва эътироф мекунанд, ки шароити ҳамзистӣ бо тундгароии исломӣ ғайри қобили қабул аст ва ин гурӯҳҳо бояд таҳти назорат дароварда шаванд.

Аммо аксар афғонҳо ба ин гуна изҳороти умедбахши мақомоти покистонӣ эътимод надоранд. Бархе мегӯянд, ки Покистон ҷангиёни тундравро чун василае барои мудохила ба рӯйдодҳои Афғонистон истифода мекунанд. Аҳмад Сайидӣ, дипломати собиқи ҳукумати Афғонистон имрӯз ба ҳайси таҳлилгар дар Кобул фаъолият мекунад. Вай гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд, чунин масъалаҳо боиси тағйир додани стратегияи Исломобод дар нисбати Афғонистон хоҳад шуд:

"Покистон бо мавқеи пуштибониаш аз терроризм дар минтақа шинохта шудааст ва дар мушкилоти дигар ҳам дахил аст. Ҷаҳон дар ин бора огаҳ аст ва ин кишвар дигар наметавонад нақши барҷастаро дар Афғонистон бозӣ кунад".

Ва дар пасманзари ин таҳаввулот, як хабари умедворкунандаи дигаре ҳам аз забони вазири хориҷаи Покистон Маҳмуди Қурайшӣ садо дод, ки дар сӯҳбат бо хабаргузориҳои маҳаллӣ гуфтааст, моҳи оянда як маҷлис ё ҷиргаи муштараки сулҳи Покистону Афғонистон дар Исломобод ташкил хоҳад шуд. Соли гузашта ҳам як чунин ҳамоише дар Кобул доир шуда буд, аммо ӯҳдадориҳои дар он нишаст гирифташуда то ҳанӯз рӯи коғаз боқӣ мемонад. Аммо он чи ки ҳама мӯътақид асту ҳоло ҳам ба он таъкид мешавад, ин танҳо бо роҳи музокира ва гуфтугӯ ҳал кардани мушкилоти пешомада дар равобити ду ҳамсоякишвар гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG