Пайвандҳои дастрасӣ

WB: Барои тиҷорат ба Озарбойҷон биравед


Бонки ҷаҳонӣ гузориши худро зери номи "Тиҷорат дар соли 2009" ба табъ расондааст. Бонки мазкур барои таҳияи ин гузориш дар 181 кишвари ҷаҳон мутолеъот анҷом додааст ва нишон додааст, ки дар чӣ кишварҳое шароит барои тиҷорат беҳтар шудааст.

Тибқи ин гузориш дар 90 дарсади кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар ин самт ислоҳоти зарурӣ анҷом додаанд ва ин кишварҳо дар садри ҷадвал қарор гирифтаанд. Масалан, Озарбойҷон барои беҳбуди шароити тиҷорат дар ин ҷадвал мақоми аввалро ба даст овардааст. Қирғизистону Белорус низ дар гуруҳи панҷ кишвари садри ҷадвал ҷой гирифтаанд.

Ин гузориши шашуми Бонки Ҷаҳонӣ ва Ширкати молии байнулмилалист, ки ҳар сол ба табъ мерасад ва кишварҳои мухталифи ҷаҳонро дар бар мегирад. Тибқи маълумоти ин ду муассисаи молӣ, дар ин шаш сол кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ панҷ сол пайдарҳам дар садри ҷадвал қарор гирифтаанд.

Светлана Баҳоваддинова – сухангӯи Ширкати молии байнулмилалӣ мегӯяд, аз ҷумла, Озарбойҷон аз 10 бахше, ки мутолеъот сурат гирифтааст, дар 7 бахш ислоҳот анҷом додааст. Ин кишвар шартҳои ташкили корхонаҳои нав, шароити иҷрои қарордодҳоро соддатар ва муҳлати сабти номи онҳоро камтар кардааст. Ҳамзамон, коҳиш додани молиёт ё андоз, ҳимоят аз ҳуқуқ ва манофеъи коргару сармоягузор ва шароити истифода аз маълумоти қарзгирӣ тибқи қонун дар ин кишвар беҳбуд ёфтааст.

Кишварҳои дигар низ бо дараҷаи иҷрои чунин шартҳо мақомҳои баъдиро дар ҷадвал ишғол кардаанд. Пенелоп Брук – сухангӯи Ширкати молии байнулмилалӣ мегӯяд, аз 181 кишваре, ки дар онҳо мутолеъа анҷом гирифтааст, соли гузашта 130 кишвар ислоҳот анҷом додаанд. Ин бад-он маънист, ки ин 130 кишвар шароитро барои соҳибкории хурду миёна, иштиғол ба тиҷорат беҳбуд мебахшанд ва шароити истихдоми коргарон ва фароҳам овардани замина барои ташкили моликиятро беҳтар мекунанд.

Бо назардошти чунин нишондодҳо дар гузориши соли ҷорӣ аз кишварҳое чун Албания, Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Булғористон, Гурҷистон, Қазоқистон ва Латвияву Литва ситоиш кардаанд. Аммо Тоҷикистон бо нишондодҳо дар ин бахшҳо мавқеъи хубе надорад ва дар миёни 181 кишвар дар зинаи 159-уми ҷадвал қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG