Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зайтуна Розиқова – дар ҷои охирин


Бозиҳои ХIII паралимпӣ дар шаҳри Пекин бо ширкати беш аз 4 ҳазор варзишгари маълул аз 148 кишвари ҷаҳон ҷараён доранд.

То замони таҳияи гузориши мо варзишгарони 60 кишвар медалҳои паралимпӣ ба даст овардаанд. Дар ҳисоби умумидастаӣ дастаи мизбон - Чин бо касби 73 медал, аз ҷумла 22 тилло дар ҷои аввал қарор гирифтааст. Бритониёи Кабир бо касби 42 медал, минҷумла 21 тилло дар ҷои дуввум ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 34 медал, аз ҷумла 15 медали тилло дар ҷои севум мебошанд. Байни 5 дастаи беҳтарин, инчунин, Укроин бо касби 30 медал, минҷумла 11 тилло ва Русия бо касби 31 медал, аз ҷумла нишони 10 тилло ҷойгир шудаанд.

Тарафи Тоҷикистонро дар ин Бозиҳо ду нафар дар риштаи пауэрлифтинг ё вазнабардорӣ ҳимоя мекунанд. Зайтуна Розиқова дар вазни то 48 кг дар гурӯҳи А байни 9 нафар дар ҷои охирин қарор гирифт. Люси Огечукве Эҷике, аз Нигерия, ки дар ин вазн қаҳрамони Бозиҳо гардид, бо натиҷаи 130 кг рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт. Олеся Лафина, аз Русия, бо натиҷаи 115 кг медали нуқра ва Суҳад Газуани, аз Фаронса, бо натиҷаи 112,5 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Вазнабардори дигари тоҷик Хайруллоҳ Абдураҳимов дар вазни то 67, 50 кг рӯзи 13-уми сентябр бо вазнабардорони 14 кишвар рақобат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG