Пайвандҳои дастрасӣ

Нармиши равобити дипломатии Анқара ва Ереван


Раисиҷумҳури Туркия Абдулло Гул ва раисиҷумҳури Арманистон Серж Саркисян ҳини мулоқот дар шаҳри Ереван

Раисиҷумҳури Туркия Абдулло Гул ва раисиҷумҳури Арманистон Серж Саркисян ҳини мулоқот дар шаҳри Ереван

Агар дар пайи дидори таърихии раисиҷумҳурии Туркия аз Арманистон ҳамкориҳои бештари дипломатӣ ва музокирот ба роҳ монда шавад, ин воқеан ҳам як ҳодисаи муҳими стратегӣ барои тамоми минтақа хоҳад буд.

Таҳаввулоти ахир метавонад на танҳо дар равобити миёни Арманистону Озарбойҷон дар қазияи Қаробоғи Кӯҳӣ таъсиргузор бошад, балки боиси боз шудани ҳама дарҳои иқтисодӣ ба рӯи Ереван хоҳад шуд. Арманистон, ки дар инзивои ҷуғрофӣ қарор дошта, ба роҳҳои дарёӣ дастрасӣ надорад, метавонад вобастагиашро аз Эрон ва Русия коҳиш дода, ба амнияти стратегие, ки муддатҳост ба он ниёз дорад, даст ёбад.

Аммо то куҷо ҷонибҳо барои барқарории равобити дӯстона дар марҳилаи кунунӣ омода ҳастанд?

Арманистон ҳанӯз аз солҳои 1991, баробари ба даст овардани истиқлолият, талош кардааст, ки ба як созиши ниҳоӣ ва ҳалкунандаи сиёсӣ бо Туркия даст ёбад. Таърихи хусуматҳои ду ҷониб ба даврони ҷанги якуми ҷаҳонӣ, солҳои 1915-1918 бармегардад, ки ба иддаои арманиҳо, артиши туркони усмонӣ он замон то яку ним миллион арманиҳоро қатли ом кардаанд. Туркия то имрӯз ба ин иддаоҳо эътироз мекунад ва шадидан мухолифи эътироф шудани он рӯйдодҳо мебошад.

Арманиҳое, ки дар аҳди шӯравӣ кишварашонро тарк кардаву дар шаҳру манотиқи мухталиф - аз шаҳрҳои Русия сар карда, то Лос-Анҷелеси Амрико ҷамъиятиҳои худро ташкил карданд ва шуморашон ҳудудан 8 миллион нафар гуфта мешавад, барои барқарор шудани равобити Ереван бо Анқара талоши зиёд ба харҷ додаанд.

Таҳлилгар Мардо Соғом мегӯяд, ки аз ин назар вазъи Арманистон ва арманиҳо бо Исроил ва яҳудиҳо шабоҳатҳои зиёд дорад, чунки таърихан ин миллат дар саросари ҷаҳон паҳну парешон шуда, ҷамъияти хурди он дар дохили кишвар маскан гирифтааст. Баъди ба даст овардани истиқлолият, ҳукуматҳои вақти Арманистон дигар ташаббуси беҳбуд бахшидани равобит ва инчунин ба роҳ мондани музокироти сулҳро бо Туркия ба дасти худ гирифтанд.

Ва аммо имрӯз, бо ин ки дар равобити ин ду ҷониб эҳсоси нармише ба миён омадааст, вуҷуди мухолифатҳои миёни Озарбойҷону Арманистон бар сари Қаробоғи Кӯҳӣ амалан Туркияро дар як ҳолати ҳассос қарор медиҳад, ки оё бояд аз ду якеро интихоб кунад ва ин ҳам - кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанги Озарбойҷон ва ё ҳамсояи мушкилзои Арманистонашро. То имрӯз Туркия ба манфиати равобит бо Озарбойҷон кор карда, бидуни барқарории равобити дипломатӣ бо Арманистон марзҳояшро бо ин кишвар баста нигоҳ медорад.

Бо нахустин дидори президенти Туркия аз Ереван ҳафтаи гузашта, вазъ андак тағйир меёбад, ҳарчанд мушкилоти то имрӯз мавҷуда ҳамоно по бар ҷост. Ереван тақозо дорад, ки Анкара қатли оми арманиҳоро эътироф кунад, вагарна ба роҳ мондани муносиботи кориву мусолиматомезро бо ин кишвар номумкин медонад.

Ин ҷо ҳам, мегӯяд Мардо Соғом, вазъ айнан мисли равобити Исроил ва Олмон аст, ки баъди ҷанги дуюми ҷаҳон наслкушӣ ё Ҳолокости яҳудиҳоро аз ҷониби ҳукумати нозӣ эътироф карда, пардохти ҷубронпулиҳоро ба хонаводаҳои яҳудиҳои қурбониву зарардидаи режими Ҳитлер ба гардан гирифт. Аммо ба фарқ аз Исроил, Арманистон аз Туркия пардохти ҷуброни молиро барои куштори дастаҷамъии арманиҳо дар рӯйдодҳои камтар аз як аср пеш тақозо намекунад. Танҳо аз хостҳои аслии онҳо аз ҳукумати Туркия ин аст, ки ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии арманиҳо дар қаламрави ин кишвар ҳифз шавад, чунки ба қавли таҳлилгарон, тасаввур кардани ин, ки Туркия ба додани кадом як имтиёзи дигари сиёсӣ розӣ мешавад, хеле душвор аст.

Масъалаи дигари мавриди баҳс ё садде барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои наздики миёни Анқараву Ереван ҳамон минтақаи баҳсноки Қаробоғи Кӯҳӣ аст. Баҳсҳо барои ин ноҳияи арманинишин дар ҳайати Озарбойҷон дар оғози солҳои 1990-ум ба мухолифатҳои низомӣ печида буд ва ҳоло ҳам як низоъ ё конфликти яхбастаро мемонад, ки дар ҳар замон метавонад дубора оташ бигирад. Барои ҳалли мусолиматомези ин масъала бо Озарбойҷон ба Арманистон боз ҳам кӯмаки ҳамсоякишвари Туркияаш лозим мешавад.

XS
SM
MD
LG