Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия: Нозирон вориди манотиқи ҷудоихоҳ нашаванд


Имруз Сергей Лавров-вазири хориҷаи Русия имкони вуруди нозирони Иттиҳоди Аврупо ба дохили ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Гурҷистон, яъне Осетиёи Ҷанубӣ ва Абхозистонро рад кард.
"Нозирони иловагии байналмиллалӣ дақиқан дар атрофи Осетиёи Ҷанубӣ ва Абхозистон ҷой хоҳанд гирфт, на дар дохили ин ҷумҳуриҳо. Нозирони СММ ва САҲА дар қаламрави Осетиёи Ҷанубӣ ва Абхозистон ба ҳамон шумораи, ки қабл аз 7-уми августи соли ҷорӣ буд, кори худро идома медиҳанд".
Дар аввали ҳафтаи ҷорӣ бо миёнҷигарии Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса барномае ба тавофуқ расида буд, ки тибқи он бояд нозирони байналмиллалӣ дар минтақа мустақар шаванд ва Русия нируҳои худро аз он ҷо фаро хонад.
XS
SM
MD
LG