Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Гурҷистон ҳадафи тир қарор гирифт


Пулиси Гурҷистон мегуяд, як афсари пулис дар наздикии посгоҳи марзии Руссия дар минтақае, ки бо Осетиёи Ҷанубӣ мепайвандад, ҳадафи тир қарор гирифтааст. Пулис мегуяд, ин афсар ба сараш тир хурдааст, тире, ки аз самти посгоҳи Руссия андохта шудааст. Аммо нирҳои Руссия инкор кардаанд, ки дар ин ҳодиса даст надоранд. Ин ҳодиса дар наздикии посгоҳи нируҳои Руссия дар деҳи Каралетӣ рух додааст. Сухангуи вазорати дохилаи Гурҷистон мегуяд, ҷониби Гурҷистон оташи ҷавобӣ надодааст.

XS
SM
MD
LG