Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили 1150-умин солгарди таваллуди устод Рӯдакӣ


Имрӯз, 10-уми сентябр, дар ноҳияи Панҷакент таҷлили расмии 1150-умин солгарди устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ доир гардид.

Қисмати аввали ҷашн дар зодгоҳи устод Рӯдакӣ деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент баргузор шуд. Соати 10-и субҳ раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони ҷашн (сафирони хориҷӣ, олимон, ашхоси расмии кишвар) тавассути чархбол ба деҳаи Панҷрӯд расиданд. Ҳузури президент Э. Раҳмон дар ин маросим дар пайи иштирок дар идомаи тантанаҳои идонаи бахшида ба солгарди 17-уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон, 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Соли бузургдошти забони тоҷикӣ дар вилояти Суғд сурат гирифт.
Нахуст бо мӯсафедони деҳа як мулоқот ба вуқӯъ пайваст. Дар ин мулоқот пирони хирадманди деҳа аз эҷодиёти одамушшуъаро Рӯдакӣ шеърхонӣ карданд.
Сипас дар як таҷаммуъи бошукӯҳ дар даромаддгоҳи оромгоҳ Қоҳири Расулзода, раиси вилояти Суғд, мақбараи тоза сохташударо расман ифтитоҳ намуд. Эмомалӣ Раҳмон низ суханронӣ намуда, аз ҷумла, мутазаккир шуд, ки Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шоъири бузургу беҳамто ва поягузори воқеъии адабиёти форсу тоҷик будааст.
Гуфта мешавад, дар бунёди муҷаддади мақбараи Устод Рӯдакӣ ҳудуди 6 миллион сомонӣ харҷ шуда, дар тазйини он аз ҳунари меъмориҳои қарни 10 то имрӯз истифода шудааст.
Баъди ифтитоҳи расмии оромгоҳи навсохти Рӯдакӣ меҳмонону сокинони маҳаллӣ аз осорхона ва чойхона, ки ахиран ба тариқи санъати миллӣ меъморӣ шудаанд, инчунин дар соҳили чапи дарёи Рӯдак аз боғи Булбулон ва нимпайкараи шоъири бузург дидор карданд.
Қисмати аввали ҷашни 1150-солагии Устод Рӯдакӣ бо ҳамин ба поён расид. Қисми дувуми он қарор аст дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент бо ширкати 10 000 меҳмон ва сокинони шаҳр доир гардад.
XS
SM
MD
LG