Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархе аз низомиёни амрикоӣ Ироқро тарк мекунанд


Ҷорҷ У. Буш ҳангоми суханронӣ дар Донишгоҳи миллии Мудофиъа, 9-уми сентябри соли 2008
Ҷорҷ У. Буш ҳангоми суханронӣ дар Донишгоҳи миллии Мудофиъа, 9-уми сентябри соли 2008

Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури ИМА эълом кард, ки тақрибан 8 000 низомии амрикоӣ аз Ироқ берун мешаванд.

Ӯ инро бо беҳбуд ёфтани вазъи амниятӣ дар Ироқ марбут дониста, гуфтааст, ки аз ин рӯ авоили соли оянда хурӯҷи ҳамин теъдод низомиёни амрикоӣ аз ин кишвар шурӯъ хоҳад шуд.
Зимни суханронӣ дар Вошингтон ӯ мутазаккир шуд, ки беҳбуди авзоъ ҳамчунин имкон медиҳад, ки ИМА бештар рӯи амалиёт дар Афғонистон тамаркуз кунад. Тибқи тасмимҳои ахир, як баталёни нерӯҳои дарёӣ, ки бояд моҳи ноябр вориди Ироқ мешуд, акнун ба дунболи ин тасмим як бригадаи низомӣ ба Афғонистон интиқол хоҳанд ёфт.
Ба ин васила теъдоди нерӯҳои кишвар дар Афғонистон боз 4 500 нафар афзоиш хоҳад ёфт. Айни ҳол дар Ироқ 146 000 ва дар Афғонистон 33 000 низомии амрикоӣ мустақаранд.
Расонаҳои хабарӣ эълони хурӯҷи як бахши нерӯҳо аз Ироқро аввалин падидаи коҳиши тадриҷии низомиёни амрикоӣ аз ин кишвар хондаанд. Ва ҳамзамон ба он нукта ишора кардаанд, ки то ҳанӯз Вошингтон ва Бағдод дар бораи ҷадвали хурӯҷи нерӯҳои ИМА аз Ироқ ба мувофиқа нарасидаанд. Охирҳои моҳи гузашта вазорати хориҷаи Амрико як изҳороти сарвазири Ироқ Нурӣ ал-Моликиро рад кард, ки, тибқи он, Бағдод бо Вошингтон дар робита ба созиши амниятӣ ва хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз кишвар тавофуқ ҳосил кардааст.
Дар мулоқот бо сарони қабоил ал-Моликӣ изҳор намуд, ки ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Ироқ соли 2011 поён меёбад. Сарвазири Ироқ афзуд, ки шурӯъ аз миёнаҳои соли оянда низомиёни ИМА гаштҳои амниятии худ дар манотиқи Ироқро қатъ мекунанд. Роберт Вуд, намояндаи вазорати хориҷаи Амрико дар посух ба ин гуфтаҳо изҳор намуд, ки “тарҳи созиш бо Бағдод таҳия шудааст, аммо дар мавриди хурӯҷи нерӯҳо ҳанӯз мувофиқа ҳосил нашудааст”.
Ироқ. Писарбачаи ироқӣ бо сарбози амрикоӣ хайрухуш мекунад?
Мақомоти ИМА талош мекарданд, ки дар музокирот бо Бағдод оид ба имзои созиши амниятӣ аз мушаххас кардани ҷадвали хурӯҷи низомиёни ИМА аз Ироқ парҳез шавад. Мандати Шӯрои Амнияти СММ барои ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ охири ҳамин сол поён меёбад ва созиши амниятӣ миёни Вошингтон ва Бағдод барои идомаи будубоши ин нерӯҳо дар Ироқ шароит фароҳам меоварад.
Дар ҳамин ҳол, Ҷорҷ Буш ба таҳдидҳои афзоянда аз сӯи Толибон низ ишора кард, ки зарурати интиқоли нерӯҳои иловагии амрикоӣ ба Афғонистонро ба миён овардааст. Бархе аз рӯзномаҳо, аз ҷумла “Лос-Анҷелес таймс”, интиқоли нерӯҳои иловагӣ ба Афғонистонро бо нокомиҳои нерӯҳои амрикоӣ дар ин кишвар марбут дониста, онро чун вокуниш ба интиқод дар мавриди таваҷҷуҳи бештар ба мавзӯъи Ироқ арзёбӣ кардаанд. Нашрияҳо навиштаанд, Буш дар бораи афзоиши теъдоди низомиёни ИМА дар Афғонистон дар ҳоле тасмим гирифтааст, ки моҳҳои ахир бар асари ҳалокати мардуми осоишта дар амалиётҳои низомии эътилоф ва дар ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои низомӣ эътимоди афғонҳо ба нерӯҳои хориҷӣ ва ҳукумати Кобул ҷиддан коҳиш ёфтааст.
Дар ин миён ҳалокати тақрибан 90 сокини деҳаи Азизободи Ҳирот бар асари бумбборони ҳавопаймои амрикоӣ ба оташи ғазаби мардум равған рехт. Низомиёни амрикоӣ ба хотири ором кардани ҷомеъа ва бо ишора ба тафтишоти худ гуфтанд, ки дар ин ҳодиса ҳамагӣ чанд тан аз сокинони осоишта кушта шуданд, вале баъди пахши навор бо ҷасадҳои афроди кушташудаи деҳаи Азизобод, ки бештари онҳо тифлон буданд, дар мавриди аз сар гирифтани тафтиши ҳодиса хабар доданд.
XS
SM
MD
LG