Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон бар зидди таҳдиди Исроил садо баланд кард


Дар иртибот бо таҳдиди исроилии рабуда шудани президенти Эрон ва истифодаи нерӯ дар муқобили Ҷумҳурии исломӣ мақомоти Эрон ба СММ эътироз баён намуданд.
Дар паёме ба унвони дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун сафири Эрон дар СММ Муҳаммад Хазоӣ талаб кард, ки ин муассисаи байналмилалӣ ба таҳдидҳои Исроил посухи возеҳ диҳад. Дар паём таъкид шудааст, ки бидуни тардид Эрон ба ҳар гуна ҳамла посух хоҳад дод. Ахиран вазири ҳукумати Исроил Рафӣ Эйтан гуфта буд, ки рабоиши президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бо ҳадафи таслими ӯ ба додгоҳи байналмилалӣ интихоби қобили қабул аст.
XS
SM
MD
LG