Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳисоботи ду давлатмарди ИМА дар Конгресс


Эрик Эделман ҳангоми мусоҳиба бо родиюи "Озодӣ"

Эрик Эделман ҳангоми мусоҳиба бо родиюи "Озодӣ"

ИМА имкони кумак дар бозсозии артиши Гурҷистонро, кидар натиҷаи ҷанг бо Русия зиён дидааст, ҷустуҷӯ мекунад.

Дар ин бора дирӯз ду мақомдори баландпояи ҳукумати ин кишвар зимни ҷавобдиҳӣ ба суъолҳои аъзои кумитаи хадамоти низомии Конгресси Амрико иттилоъ доданд.
Намояндагони ҳукумати ИМА ҳангоми суҳбат дар бораи ёрии низомӣ ба Гурҷистон бисёр асабонӣ буданд, зеро Русия ИМА-ро дар тамрин ва таъмини артиши гурҷӣ барои ҳамла ба минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ дар таърихи 7 августи соли равон муттаҳам мекунад.

Муовини вазири мудофиъаи ИМА Эрик Эделман изҳор намуд, ки ҳадафи нахустдараҷаи Амрико ин истиқрори вазъ дар Гурҷистон, эҳёи иқтисоди он ва бозсозии артиши гурҷӣ хоҳад буд: “Охири ин ҳафта Вазорати мудофиъа гурӯҳи вижаро барои арзёбии вазъ ба Тифлис сафарбар мекунад. Ин гурӯҳ ба мо кумак хоҳад кард, то мо дар бораи ниёзмандиҳои Гурҷистон маълумоти дақиқ ба даст биёрем. Баъди ин мо хоҳем дид, ки чи тавр ИМА метавонад дар бозсозӣ ва эҳёи иқтисод, сохторҳои давлатӣ ва артиши Гурҷистон саҳм дошта бошад”.
3-вуми сетябр котиби давлатии Амрико Кондолиза Райс дар бораи ҷудошавии бахши аввали маблағи кумаки ИМА ба Гурҷистон эълом намуд, ки интизор аст 1 миллиард долларро ташкил хоҳад кард.
Дар мулоқот қонунгузорон аз Эделман инчунин хостанд бо овардани номҳо, таърихи дақиқ ва моҳияти машваратҳое, ки ба мақомоти Гурҷистон дода шуда буданд, тафсилот диҳад. Ӯ дар посух гуфт, ки намояндагони расмии ИМА, аз ҷумла муъовини мушовири вазири мудофиъа дар умури Аврупо ва паймони NАТО Даниел Фата мақомоти Тифлисро борҳо ба хештандорӣ даъват карда, ҳушдор дода буд, ки ба иғвои Русия тан надиҳанд. Эделман гуфт: “Дар ҳоле, ки Русия бо иғвоҳояш вазъро муташанниҷ сохта, Гурҷистонро ба шурӯъи ҷанг ангезиш медод, паёми қотеъи мо хештандории стротежӣ ва ҷустуҷӯи роҳи ҳалли осоиштаи ин низоъи дерина буд”.

Қонунгузорон аз Эделман дар бораи тасмими NАТО ба нақшаи ҳамкории ба узвият напазируфтани Укроин ва Гурҷистон дар аввалҳои соли ҷорӣ пурсидаанд. Эделман ҷавоб дод, ки феълан NАТО бояд паёми возеҳ фиристад, ки ҳамлаи Русия ба равобити паймони Атлантикаи шимолӣ ва Гурҷистону Укроин таъсире нахоҳад дошт.
Дар назди кумитаи Конгресс мушовири котиби давлатии Амрико Даниэл Фрид низ ҳисобот дод. Вай дар бораи имкони “ҷазо додани Русия аз ҷониби ИМА” ягон маълумоти мушаххас пешкаш накард, вале мутазаккир шуд, ки ягон чора “аз рӯи миз бардошта намешавад”. Ӯ, аз ҷумла, гуфт: “Посухи стротежии мо бояд пайомадҳои дарозмуддат ба равобитамон бо Русия дошта бошад. Шурӯъ аз соли 1991 сиёсати Амрико нисбати Русия дар асоси он бунёд мешуд, ки мо фикр мекардем Русия мехоҳад бахши ҷомиъаи ҷаҳонӣ гашта, ба сӯи тавсиъаи демократия ва ҳокимияти қонун дар кишвар ҳаракат мекунад”.
Ба гуфтаи ин давлатмард, Русия алоқамандии худро зоҳир карда, ба пешравиҳо барои дохил шудан ба узвияти сохторҳои калиди мисли гурӯҳи 7 кишвари пешрафтаи иқтисодӣ, созмони тиҷорати ҷаҳонӣ ва ғайра ноил гаштааст: “Маскав шарики NАТО ва Иттиҳодияи Аврупо шуд. Аммо бо ҳуҷум ба Гурҷистон ва тасарруфи як қисмати ин кишвар ҳамаи ин алоқамандиашро зери хатар мегузорад”. Фрид инчунин таъкид кард, ки Русия барои ин ҳамлааш ҷуброни гарон пардохт хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG