Пайвандҳои дастрасӣ

Тамрини низомии Тоҷикистону Русия дар Хатлон


Тамринҳои муштараки низомии Тоҷикистон ва Русия - «Центр-2008» дар ҷануби кишвар оғоз ёфтаанд. Павел Конев, ёвари фармондеҳи аршади пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия, мегӯяд, ҳудудан якуним ҳазор низомиёни рус, кормандони вазорати умури дохилӣ ва масъулони амниятии Тоҷикистон дар ин тамринҳо роҳҳои нави мубориза бо терроризмро хоҳанд омӯхт. Ба гуфтаи ӯ, дар ин тамринҳо 300 адад техникаи ҳарбӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳои низомӣ истифода мешаванд. Қарор аст, ин тамрини муштараки низомиёни Русия ва Тоҷикистон рӯзи 12 сентябр дар маҳалли Момирак, 200 - километрии шаҳри Душанбе, хотима ёбад.
XS
SM
MD
LG