Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

OPEC: Истихроҷи нафт коҳиш намеёбад


Вазири энергетикаи Алҷазоир Шакиб Халил ба ҳайси раҳбари созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (OPEC) гуфтааст, ки ин созмон мизони истихроҷи нафтро тағйир намедиҳад.
Дирӯз вазирони кишварҳои узви OPEC дар Вена масъалаи истихроҷи нафтро баҳс карданд. Моҳи июл як баррел ё худ як бушка нафт 147 доллар нарх дошт. Ҳоло қимати нафт тахминан ба 100 долар баробар шудааст. Кишварҳои Эрон, Ироқ, Кувайт, Арабистони Саудӣ, Қатар, Индонезия, Имороти Муттаҳидаи Араб, Либия, Алҷазоир, Нигерия, Ангола, Венесуэла ва Эквадор узви OPEC мебошанд.
XS
SM
MD
LG