Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ким Чен Ир дар ҷашни истиқлоли кишвараш набуд


9-уми сентябр дар Пхенян Кореяи Шимолӣ 60-умин солгарди истиқолашро бо паради бузурги низомиёну мардуми мулкӣ ҷашн гирифт.
Назар ба гузоришҳои расида дар ин маросим раҳбари коммунисти Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ир ҳузур надошт. Овозаҳо дар бораи саломатии Ким зиёданд. Сиҳати ӯ сирри давлатӣ ба шумор меравад, вале то ҷое маълум аст, Ким Чен Ир аз бемории қалб ва қанд ё худ диабет азият мекашад. Хабаргузориҳои Кореяи Ҷанубӣ иттилоъ медиҳанд, ки моҳи гузашта Ким заъф намуд.
XS
SM
MD
LG