Пайвандҳои дастрасӣ

Муқовимати Покистону Афғонистон ба терроризм


Дирӯз президенти нави Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва раисҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай изҳор намуданд, ки ҳамроҳ бар зидди терроризм мубориза мебаранд.
Дар нишасти матбуотии муштарак, ки баъди маросими савгандёдкунии Зардорӣ дар Исломобод доир шуд, Карзай гуфт, мубориза бо терроризм барои ҳар ду кишвар муҳим аст. Дар давраи ҳукмронии президенти пештараи Покистон Парвиз Мушарраф равобити Покистону Афғонистон сард буданд. Мақомоти афғон Исломободро бо муқовимати заиф ба ҷангҷӯён муттаҳам мекарданд.
XS
SM
MD
LG