Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Танзими равобити дипломатии Русия бо ҷудоихоҳон


Русия бо минтақаҳои ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистони Гурҷистон равобити расмии дипломатӣ танзим намуд. Баъди мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии ҷудоихоҳон вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт:
"Мо дар роҳи танзими расмии равобити бисёрпаҳлӯ ва васеъмиқёси Русия бо Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон қадами муҳими амалӣ гузоштем. Ман бовар дорам, он ба таҳкими назму суботи минтақаи Қафқоз кумак мерасонад."
Моҳи гузашта нерӯҳои Русия имкон надоданд, ки нерӯҳои Гурҷистон минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубиро таҳти назорати марказ қарор диҳанд. Сипас Маскав истиқлоли Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро эътироф кард.
Русия мувофиқат кард, ки бар пояи созиши оташбаси бо кумаки Иттиҳодияи Аврупо ҳосил шуда, дар давоми як моҳи оянда сарбозонашро аз қаламрави Гурҷистон берун кунад. Вале Маскав беруншавӣ аз хоки Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро рад кардааст.
Дирӯз Лавров изҳор намуд, ки бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои эҳтимолии Гурҷистон сарбозони Русия муддати тӯлониро дар ду минтақаи ҷудоихоҳ сипарӣ хоҳанд кард.
Вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков мегӯяд, тахминан 3800 афсару сарбоз дар Осетияи Ҷанубӣ ва ҳамин шумораи низомиён дар Абхозистон мустақар хоҳанд буд.

XS
SM
MD
LG