Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Иттиҳодияи Аврупо ва Укроин поён ёфт


Виктор Юшенко, раисиҷумҳури Укроин мутмаин аст, ки то охири соли 2009-ум Киев бо Иттиҳодияи Аврупо созиш дар бораи иҷтимоъро имзо хоҳад кард. Ин изҳороти Виктор Юшенко дар Порис, баъд аз анҷоми нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо ва Укроин садо дод. Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса гуфт, ки имзои ин созиш барои Укроин имкони навро фароҳам меоварад. Ва аммо ӯ дар бораи солҳои баъдӣ ба Иттиҳодияи Аврупо пайвастани Укроин ҳарфе нагуфт. Саркозӣ фақат эълом дошт, ки Иттиҳодияи Аврупо омода аст бо Киев дар мавриди рафтуои бидуни раводиди шаҳрвандон музокирот оғоз кунад.

XS
SM
MD
LG