Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш: 8 ҳазор сарбозони ИМА Ироқро тарк мегӯянд


Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида чанд лаҳза пеш дар бораи коҳиши теъдоди нерӯҳои кишвар дар Ироқ ва интиқоли низомиёни иловагӣ ба Афғонистон изҳорот пахш кард. Зимни суханронӣ дар Вошингтон ӯ гуфт, ки вазъи амниятӣ дар Ироқ беҳбуд ёфтааст ва аз ин рӯ моҳи феврал тақрибан 8 ҳазор низомиёни амрикоӣ аз ин кишвар хориҷ мешаванд. Ҳамзамон теъдоди нерӯҳои кишвар дар Афғонистон боз 4 ҳазору 500 нафар афзоиш хоҳад ёфт.

Айни ҳол дар Ироқ 146 ҳазор ва дар Афғонистон 33 ҳазор низомиёни амрикоӣ мустақаранд.

XS
SM
MD
LG