Пайвандҳои дастрасӣ

Гамсахурдиа гуруснанишинӣ эълон кард


Сотне Гамсахуриа, писари раисиҷумҳури собиқи Гурҷистон Звиад Гамсахурдиа дар боздоштгоҳ гуруснанишинӣ эълон кард. Ба гуфтаи вакили мудофеъи ӯ, ба ин васила Сотне Гамсахурдиа алайҳи иттиҳоми эълонкардаи мақомот эътироз мекунад. Писари раисиҷумҳури собиқи Гурҷистон ҳафтаи гузашта дар Тифлис боздошт шуда буд. Ӯ дар талоши ташкили табаддулоти давлатӣ дар Гурҷистон ва дар робита бо хадамоти кашфи Русия гумонбар мешавад. Сотне Гамсахуриа аз тирамоҳи соли гузашта ба ин сӯ мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт.

XS
SM
MD
LG