Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Осиф Алӣ Зардорӣ савганд ёд кард


Осиф Алӣ Зардорӣ имрӯз ба ифои вазифаи раиси ҷумҳури Покистон шурӯъ кард. Дар маросими савгандёдкуниии Зардорӣ дар Қасри раисиҷумҳур, ки имрӯз баргузор шуд, мақомоти расмии Покистон, сиёсатмадорон, меҳмонон ва дипломатҳои хориҷӣ ширкат доштанд. Раванди маросим аз тариқи телевизиони кишвар мустақиман намоиш дода шуд. Миёни меҳмонони маросим раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай низ буд, ки ҳузури ӯ чун талоши коҳиш додани ташдиди вазъ миёни ду кишвар арзёбӣ мешавад. Кобул мақомоти Покистонро дар фаъолияти нокофӣ дар мубориза бо Толибон айбдор мекунад. Исломобод бо ин иттиҳоми кишвари ҳамсоя розӣ нест.

Осиф Алӣ Зардорӣ, ҳамсари сарвазири собиқи Покистон Беназир Бҳутто чанд рӯз қабл аз интихоботи раёсати ҷумҳур пирӯз шуд. Ӯ ваъда додааст, ки бо толибон мубориза мебарад ва бо нерӯҳои Эътилофи байнулмилалии мустақар дар Афғонистон ҳамкорӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, раисиҷумҳури пешини Покистон Парвиз Мушарраф моҳи гузашта зери фишори аҳзоби мухолиф ва бар асари таҳдиди импичмент маснади худро тарк карда буд.
XS
SM
MD
LG