Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: "Мусаллаҳ кардани Гурҷистон қатъ шавад"


Макомти Русия барои хатми талошҳои дубора мусаллаҳ кардани артиши Гурҷистон пойфишорӣ хоҳанд кард. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар як нишасти хабарӣ дар Маскав ҳамчунин гуфт, ки баъди хуруҷи нерӯҳои посдори сулҳи Русия ва мустақаршавии нозирони байнулмилалӣ дар минтақаи низоъ дар Гурҷистон “масъулияти такрори ҳамлаи Тифлис ба Осетияи ҷанубӣ ва Абхазистон бар дӯши Иттиҳодияи Аврупо хоҳад буд”.

Дар робита ба созиши миёни Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия ва Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса – садри даврии Иттиҳодияи Аврупо, Лавров изҳор намуд, ки санади имзошуда комилан ҷавобгӯи назари Маскав ба ҳалли бӯҳрон дар Қафқоз аст.

Иттиҳодияи Аврупо ҷилавгирӣ аз истифодаи нерӯ алайҳи Абхазистон ва Осетияи Ҷанубиро кафолат додааст.

XS
SM
MD
LG