Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайёҳат ба манотиқи ҷангзадаи Ироқ?


Як ширкати ҷаҳонгардии Фаронса мавсум ба “Terre Entiere” хабар дод, ки сафари сайёҳонро ба Курдистони Шимолӣ, минтақаи мухтор дар шимоли Ироқ ташкил мекунад. Қимати ин сафар ду ҳазор евро муқаррар шудааст. Сафар ба Курдистони Шимолӣ рӯзҳои таътил ба шарафи мавлуди Исои Масеҳ сурат мегирад.

Гуфта мешавад, “Terre Entiere” дуввумин ширкати ҷаҳонгардист, ки ба сайёҳон сафар ба манотиқи шимолии Ироқ баъд аз оғози ҷанг дар ин кишварро пешниҳод кардааст – тобистони соли равон як ширкати сайёҳии Калифорнияи ИМА низ гурӯҳи хоҳишмандонро ба Курдистон бурда буд.

XS
SM
MD
LG