Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сел дар шимоли Чин боиси ҳалокати одамон гардид


Дар вилояти Шонъсӣ, воқеъ дар шимоли Чин бар асари сел 34 кас ба ҳалокат расида, дасти кам 35 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Ба иттилоъи расонаҳои хабарии кишвар, дар шаҳри Линъфен аз ин офати табиӣ чанд бино ва бозор хисорот дидаанд. Теъдоди зиёди одамон айни ҳол беному нишон ғайб задаанд ва аз ин рӯ мақомот ҳадс мезананд, ки теъдоди қурбониёни ҳодиса шояд афзоиш биёбад.
XS
SM
MD
LG