Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Қоида Эронро ҳамкори ИМА номидааст.


Шахси рақами 2-и созмони террористии Ал-Қоида Айман Завоҳирӣ Эронро мавриди ҳамлаи лафзӣ қарор додааст. Дар як навори видео, ки дирӯз тариқи шабакаи телевизионии арабзабони Ал-Ҷазира пахш шуд, Завоҳирӣ гуфтааст, ки Эрон дар масъалаҳои Афғонистону Ироқ бо ИМА ҳамкорӣ мекунад. Ба қавли телевизиони Ал-Ҷазира навор якуним соат тӯл дошта, ба ҳафтумин солгарди ҳамлаҳои 11-уми сентябр болои шаҳрҳои ИМА бахшида шудааст. Дар навор гуфта мешавад, ки Эрон бо амрикоиҳо дар ишғоли Афғонистону Ироқ ҳамдастӣ дорад.
XS
SM
MD
LG