Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳди Русия дар мавриди Гурҷистон


Русия ва Иттиҳодияи Аврупо тавофуқ карданд, то нерӯҳои Русия дар зарфи як моҳ аз қаламрави Гурҷистон хориҷ шаванд. Раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Медведев баъд аз мулоқот бо ҳайъати Иттиҳодияи Аврупо бо раҳбарии Николя Саркозӣ - раиси ҷумҳури Фаронса гуфт, нерӯҳои Русия баъди ирсоли нозирони Иттиҳодияи Аврупо он минтақаҳоро тарк мекунанд:

"Ихроҷи комили нерӯҳои посдори сулҳи Русия аз минтақаҳои наздик ба Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон ба мавзеъҳои пеш аз муноқиша, баъди иҷрои механизмҳои байналмилалӣ, аз ҷумла фиристодани 200 нозири Иттиҳодияи Аврупо сурат мегирад. Эъзоми ин нерӯҳо бояд на дертар аз якуми октябр сурат бигирад ва бо назардошти санадҳои ҳуқуқии расмӣ, ки алайҳи Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ нерӯ истифода нахоҳад шуд."

Николя Саркозӣ низ дар нишасти хабарӣ гуфт, Русия розӣ шудааст, дар зарфи як ҳафта посгоҳҳои низомиаш дар атрофи шаҳри Потии Гурҷистон барчинад. Дмитрий Медведев имрӯз гуфт, музокироти байналмилалӣ доир ба минтақаҳои ҷудоихоҳи Гурҷистон, Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон 15 октябр дар шаҳри Женева баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG