Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Туркманистон дар Австрия


Як созмони ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, бо вуҷуди ваъдаҳои ҳукумати Туркманистон ҷиҳати тағйири вазъ, вазъи озодии баён дар ин кишвар беҳтар нашудааст. Созмони Мусоидат ба Беҳбуди Ҳуқуқи Инсон дар Туркманистон, ки дар Австрия қароргоҳ дорад, имрӯз гуфт, матбуоти он кишвар то кунун таҳти назорати ҳукумат боқӣ мемонад ва аксар вақт ба хабарнигорон таҳдиду зӯрӣ мешавад. Ин гурӯҳи ҳомии ҳуқуқ аз Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо хостааст, то ба мушоҳидаи озодии баён дар Туркманистон пардозад.

XS
SM
MD
LG