Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд


Ба гуфтаи маркази иттилоъотии ҳукумати Суғд, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, субҳи рӯзи сешанбеи 9–уми сентябр ҷиҳати таҷлил аз ҷашни истиқлолият бо як сафари дурӯза ба шаҳрҳои Хуҷанд ва Панҷакенти вилояти Суғд меравад.

Тибқи иттилоъи ҳамин манбаъ, маросими асосии таҷлил дар пояи пайкараи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ - поягузори адабиёти классики форсу тоҷик дар Хуҷанд сурат мегирад. Қабл аз оғози маросими таҷлил раисҷумҳур аз рӯи пайкараи навбунёд парда хоҳад бардошт. Ин ягона пайкараи Рӯдакӣ дар хиёбони ҳамномаш, дар соҳили рӯди Сир, назди бинои ҳукумати Суғд қомат афрохтааст. Баландии он чаҳордаҳу ним метр, пояаш аз санги мармар ва пайкараи ростои Рӯдакӣ аз мис сохта шудааст. Ҳукумати Суғд мегӯяд, ба бунёди ин пайкара ҳудуди 35 миллион сомонӣ, муодили даҳ миллион доллари амрикоӣ, маблағ ба харҷ додааст .

Ҳамчунин дар чаҳорчӯби таҷлил аз иди Истиқлолият раисҷумҳур Раҳмон аз боғи миллии ба номи Ваҳдат дар канори Хуҷанд дидан карда , ба пойдевори як чойхона асос хоҳад гузошт. Маркази иттилоъотии ҳукумати Суғд ҳамчунин гуфт, ки баъд аз зуҳри рӯзи сешанбеи 9–уми сентябр раисҷумҳур Раҳмон аз Хуҷанд ба Панҷакент барои иштирок дар маросими таҷлили соли Рӯдакӣ роҳӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG