Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Николя Саркозӣ дар шаҳри Маскав


Николя Саркозӣ - раиси ҷумҳури Фаронса, имрӯз дар шаҳри Маскав қарор дорад, то ба раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Медведев бигӯяд, ки созиши оташбас бо Гурҷистонро риоят кунад, вагарна равобити Русия ва Иттиҳодияи Аврупо осеб хоҳад дид. Пас аз ҳамлаи Гурҷистон ба Осетияи Ҷанубӣ барои тобеъи ҳукумат кардани ин минтақаи ҷудоихоҳ ва вуруди нерӯҳои Русия ба хоки Гурҷистон бо миёнҷигарии Николя Саркозӣ ду кишвар созиши оташбас имзо карданд. Бар асоси ин санад, Русия бояд нерӯҳояшро ба мавзеъҳои пеш аз муноқиша бо Гурҷистон бикашад. Аммо кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Русия созиши оташбасро риоят намекунад ва аз ҷумла нерӯҳояшро то кунун ба мавзеъҳои пеш аз низоъ набурдааст.

XS
SM
MD
LG