Пайвандҳои дастрасӣ

Талафоти нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон


Бар асари таркиши бомбҳои ҷогузоришуда дар канори роҳҳо дар ҷануби Афғонистон ду сарбози хориҷӣ ва шаш тан аз мардуми осоишта ба ҳалокат расидаанд. Ду сарбози нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон, яке аз Канада ва дигарӣ аз Ҳолланд рӯзи якшанбе дар вилоятҳои Қандаҳор ва Урузгон кушта шудаанд. Ва имрӯз бар асари бомбгузорӣ дар вилояти Зобул мусофирбари хурде таркида ва шаш нафар аз мусофирони он ҷон доданд. Мақомоти нерӯҳои байналмилалии тобеъи НАТО мегӯянд, чунин бомбгузориҳо дар Афғонистон тайи ҳафт моҳи гузашта дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 50 дар сад афзудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG