Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи барномаи FLEX барои мактабиёни тоҷик


Ин гуна имкониятро барои мактабиёни тоҷик «Барномаи мубодила барои мактабиёни синфҳои болоӣ» - FLEX фароҳам месозад.

Ин барномаро ҳарсола Шӯроҳои амрикоӣ оид ба маорифи байнулмилалӣ (ACTR/ACCELLS) дар ҳамдастӣ бо Вазорати маорифи Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад.

Ба гуфтаи масъулини барномаи FLEX (Future Liders Exchange Programm), дар ҳоли ҳозир интихоби номзадҳо барои иштирок дар ин барнома шурӯъ шудааст. Ба гуфтаи онҳо, рӯзҳои баргузории озмун дар Тоҷикистон ба ин тартиб аст: дар Хуҷанд - дар рӯзи 13–ум , Исфара – 16–ум , Панҷакент – 19–ум , Душанбе – 28–ум , Мурғоб – 11-уми сентябр ва Кӯлоб – дар рӯзи 7–уми октябр. Дар бораи ҷойҳои баргузории озмун метавон аз идораҳои маорифи ин маҳалҳо маълумоти дақиқ пайдо кард. ( Дар шаҳрҳои Хоруғ ва Қурғонтеппа даври нахусти озмун аллакай баргузор шудааст).

Ба гуфтаи Айзек Скарборо (Isaac Scarborough) – намояндаи барномаи FLEX дар Тоҷикистон, як шарти асосии озмун ин аст, ки дар он танҳо муҳассилини синфҳои 9, 10, 11–и шаҳрванди ин кишвар иштирок мекунанд. Ҳамчунин, талабаҳои имконияти ҷисмониашон маҳдуд, вале ба дархости озмун ҷавобгӯ низ даъват карда мешаванд. Вай афзуд, ки аз довталабон нишондоди хуби академикӣ, дониши хуби забони англисӣ мутобиқи барномаи мактабӣ, ҷавобгӯ будан ба талаботи гирифтани визаи ИМА хоста мешавад.

Ҷаноби Скарборо ҳамчунин гуфт, ки озмун иборат аз се давр ҷараён мегирад ва аввал довталабон дар 15 дақиқа санҷиш (тест) месупоранд. Шартҳои даврҳои дуюму сеюм низ аз санҷишҳои даҳониву хаттӣ, иншо (ба забони англисӣ) ва суҳбат иборат аст, аммо мураккабтар ва тӯлонитар мебошанд. Ӯ таъкид кард, ки ғолибони озмунро як комиссияи босалоҳият ва мустақил дар Вашингтон муайян хоҳад кард.

Дар барномаи FLEX дар муддати 17 соли фаъолияташ, аз соли 1992 ба ин сӯ, ҳудуди 800 нафар мактабиёни Тоҷикистон дар қатори 15 ҳазор мактабхонҳои кишварҳои собиқи шӯравӣ ширкат ҷустаанд. Зимнан, ин ягона барномаест, ки ба мактабиёни болаёқати тоҷик ба тариқи ройгон имконияти барои як сол зиндагиву таҳсил дар ИМА–ро муҳайё месозад.

Яке аз иштирокдорони ин барнома Мухтор Солеҳов ба ҳайси ғолиби озмуни Флекс соли хониши 2006–2007–ро дар шаҳраки Ҳемлини Иёлати Техас гузаронидааст. Вай мегӯяд, беҳтарин баҳрае, ки аз як соли зиндагӣ дар Амрико бардошт, касби мустақилият буд, ки дар интихоби роҳи ояндаи зиндагӣ ба вай кӯмак мерасонад.

Мухтор ҳозир донишҷӯи соли дуюми факултаи технология ва иттилоъоти бахши Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар Хуҷанд аст ва ҳамзамон чун яке аз масъулини созмони ҷамъиятии «Our kids», яъне «Кӯдакони мо», ба бачаҳои аз оилаҳои муҳтоҷу бепарастор ва маъюб кӯмак мерасонад: «Якум, мақсади мо ин, ки ба ҳамаи бачаҳои муҳтоҷ ёрӣ диҳем, хусусан ба бачаҳои хурдсоли маъюбе, ки дар интернати рақами яки Хуҷанд ба сар мебаранд. Ҳам ёрии моддӣ, ҳам маънавӣ. Бисёр вақтҳои холигӣ меравем, бо онҳо бозӣ мекунем, ягон намоиш нишон медиҳем. Вақташонро хуш менамоем. Аммо охирин кӯмаки ҳам моддиву ҳам маънавӣ, ки мо кардем, барои бачаҳои интернати шаҳрӣ як синфҳои махсуси расомӣ ташкил намудем.»

Шаҳноза Муъмизода – дигар аз иштирокчиёни барномаи Флекс, ки соли таҳсили 2007–2008ро дар шаҳри Ҷошуаи иёлати Техаси ИМА гузаронидааст, мегӯяд, ин барояш имконияти хуби омӯзиши забони англисӣ, ошноӣ бо мардуми ИМ ва тарзи зиндагиву фарҳангу диду ҷаҳонбинии онҳо буд. Вай дӯстони зиёде пайдо кард ва назараш вай ба зиндагӣ амиқтар гашт. Шаҳноза ҳозир донишҷӯи соли дуюми бахши Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Хуҷанд мебошад. Вай дар суҳбат бо Радиои Озодӣ афзуд, ки бо ҳамдастии иштирокдорони барномаи FLEX нақша дорад , дар рӯзҳои аз якум то даҳуми декабр даҳрӯзаи ҳимояи ҳуқуқи хатмкунандагон гузаронад . Ӯ гуфт, мехоҳад бештар бо хатмкунандагон кор карда, барои беҳбуди халқ ва пешрафти кишвараш ёрии худро расонад.

Ба гуфтаи Малика Ҳакимова, корманди барномаи Флекс дар Душанбе, барномаи мазкур аз ҷониби Конгресии ИМА ба хотири таҳкими дӯстӣ миёни мардуми ин кишвар ва мамолики Авруосиё таъсис ёфтааст ва комилан аз сӯи ҳукумати ИМ маблағгузорӣ мешавад. Вай афзуд, ки барномаи мазкур барои ширкатгарон имкон фароҳам меорад дар оилаҳои амрикоӣ дар тӯли 1 сол ба сар баранд ва дар мактаб таҳсил кунанд, бо ин кишвар ошно гардида, фаҳмиши маънии арзишҳои умумиинсониро дар худ амиқ бубаранд .

Ба гуфтаи вай, ҳамчунин ин барнома ба мактабиёни тоҷик имкон фароҳам меорад ватани худ – Тоҷикистонро ба амрикоиҳо дар маҳфилҳои мактабу китобхона ва ҳалқаҳои хонаводаҳову дӯстон муаррифӣ намоянд, нишон ва парчам ва намунаҳои ҳунару фарҳанги халқи худро нишон диҳанд ва нақл кунанд, ки барои рушду пешрафти Ватани худ чи корҳову хидматҳое метавонанд ба иҷро расонанд.

XS
SM
MD
LG