Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қирғизистон: Мурофиаи додгоҳии Кумитаи Ҳелсинки


Дар Қирғизистон фаъолияти дафтари созмони байнулмилалии Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия қатъ гардида, раиси он ба додгоҳ кашида шуд.

Сабаби ба додгоҳ кашида шудани раиси ин созмон убури ғайриқонунии марзи Қирғизистон гуфта мешавад. Кумитаи Ҳелсинки бо пахши як изҳорот мурофиаҳои додгоҳӣ алайҳи Ивар Дейл, раиси дафтари ин созмон дар Бишкекро қадами навбатии мақомоти Қирғизистон алайҳи фаъолиятҳои ин созмон варзёбӣ карда, ба дунболи он афзудааст, ки ин қадам бахше аз фишорҳои ҳукумат дар мавриди қатъи фаъолиятҳои кумитаи онҳо дар Қирғизистон ва тамомияти Осиёи Марказӣ мебошад.

Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия талош ба харҷ доданист, ки таваҷҷӯҳи созмонҳои байнулмилалӣ ва корпусҳои дипломатии муқими Бишкекро ба ин масъала ҷалб кунонад. Аммо Вазорати дохилаи Қирғизистон Ивар Дейлро дар пешниҳоди иттилоъи ғайри қобили эътимод муттаҳам намудааст.

Бино ба иттилоъи вазорати дохилаи ин кишвар, Ивар Дейл замони ба даст овардани раводиди Қирғизистон маҳалли шуғли худро дафтари кумитаи Ҳелсинкии Норвегия дар Бишкек нишон додааст. Ин дар ҳолест, ки таъкид кардааст вазорати дохилаи Қирғизистон, чунин созмон дар қаламрави ин кишвар сабти ном нашуда буд.

Толеқан Исмоилова, раиси созмони иҷтимоъии «Шаҳрвандон алайҳи ришватхорӣ», мақараш дар Бишкек, тайи як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, ки идораҳои интизомӣ дар муқобили вай ва Азиза Абдурасулова, раиси созмони ҳуқуқи башари «Қилим шами», парвандаи ҷиноӣ боз карда буданд. Ба гуфтаи Толеқан Исмоилова, пуштибонӣ аз кумитаи Ҳелсинкии Норвегия ахиран мунҷар ба он шуд, ки идораҳои интизомӣ вайро дар фаъолиятҳои ғайқонунӣ муттаҳам кунанд. Вай афзуд, вале ин парванда, ба далели он ки асосе надошт, ба зудӣ лағв гардиданд.

Гуфта шуд, ки Кумитаи Ҳелсинки муддати якуним соли ахир сабти номи дафтари худ дар Қирғизистонро интизорӣ кашид, то ки ин созмон битавонад, фаъолиятҳои худро дар қаламрави Қирғизистон ва соири кишварҳои ҳамҷавори он идома бидиҳад. Раиси созмони «Шаҳарвандон алайҳи ришватхорӣ» тазаккур дод, ки ба ҳар сурат САҲА фаъолиятҳои Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия ва бархе аз созмонҳои байнулмилалиро дар қаламрави ин ё он кишвар барои як вақти муайян қонунӣ мешуморад. Толеқан Исмоилова афзуд, зеро фаъолияти ин созмонҳо ба тарғиби демократия ва ҳифзи ҳуқуқи башар нигаронида шудааст.

Дар ҳамин ҳол Дабири кулли Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия гуфтааст, ки ифтитоҳи дафтари минтақавии ин созмонро дар Душанбе аз эҳтимол холӣ намешуморад.

XS
SM
MD
LG