Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Давлати ИМА ба ҳалли бӯҳрони манзил пардохт


Фреддӣ Мак яке аз ду ширкати бузургтарини таъминкунандаи тақрибан ними қарзҳое ҳастанд, ки ба сокинони Амрико барои харидани хона дода шудааст

Фреддӣ Мак яке аз ду ширкати бузургтарини таъминкунандаи тақрибан ними қарзҳое ҳастанд, ки ба сокинони Амрико барои харидани хона дода шудааст

Бо шунидани як хабари давлати Амрико имрӯз бозорҳои саҳмияи кишварҳои Аврупо ва Осиё, ба истилоҳ, оҳи сабук кашиданд.

Ҳукумати Амрико рӯзи якшанбе ноилоҷ назорати ду муассисаи азими нимахусусии молиро ба даст гирифт, ки дар бозори маскан ва ё ипотекаи Иёлоти Муттаҳида нақши ниҳоят муҳим доранд.

Бӯҳрон дар бозори маскани Амрико, ки як соли пештар оғоз ёфт, мисли як тормози нохостанӣ, ҳаракати мошини иқтисоди Амрико ва ҳатто тамоми ҷаҳонро низ суст кард. Давлати Иёлоти Муттаҳида аз тарси он, ки бӯҳрон дар муассисаҳои молии Фаннӣ Мей ва Фреддӣ Мак рушди иқтисодро боз ҳам кундтар хоҳад кард, маҷбур шуд, то назорати ин ду муассисаи беморро бар ихтиёри худ бигирад.

Давлати Амрико мегӯяд, агар барои наҷоти муассисаҳои нимахусусии молии Фаннӣ Мей ва Фреддӣ Мак иқдом намекард, иқтисоди Амрико ва ҷаҳон, ки рӯзҳои начандон хуберо паси сар мекунад, дучори фалокатҳои нав мешуд.

Фаннӣ Мей ва Фреддӣ Мак ду ширкати ба қавле “ғӯлпайкар” таъминкунандаи тақрибан ними қарзҳое ҳастанд, ки ба сокинони Амрико барои харидани хона дода шудааст. Аммо соле пеш ошкор шуд, теъдоди зиёде аз он амрикоиҳое, ки бо қарзи бонкҳо манзили хусусӣ харидаанд, қодир ба пардохтани саривақтии фоизи қарзи бонкҳо нестанд ва қисми зиёде низ аз ҳамин сабаб хонаҳояшонро аз даст доданд.

Чандин бонки Амрико бар асари ин тамоюл муфлис шуданд ва албатта бозигарони аслии бозори маскан, яъне муассисаҳои молии Фаннӣ Мей ва Фреддӣ Мак низ аз бӯҳрон бенасиб намонданд. Аз бадани ин ду муаасиса тайи як соли ахир, ба қавле, хун мечакид, зеро онҳо дар ин муддат 14 миллиард доллар зиён диданд. Давлати Амрико гуфт, агар ба доди ин муаасисаҳо, ки хатари дасти холӣ монданашон таҳдид мекард, намерасид, низоми молии кишвар ва дунё ба балоҳои нав гирифтор мешуд.

Ҳенрӣ Паулсон, вазири хазинадорӣ ва ё молияи Амрико, баъд аз эъломи хабари таҳти назорати давлат гирифтани Фаннӣ Мей ва Фаннӣ Мей ва Фреддӣ Мак ончунон бузург ва ба системаи молии мо танидаанд, ки варшикастагии ҳар кадом аз онҳо боъиси талотуми азим дар бозорҳои молии мо ва ҷаҳон хоҳад шуд.

Ҳенрӣ Паулсон афзуд, варшикастагии эҳтимолии Фаннӣ Мей ва Фреддӣ Мак метавонист, ба қобилияти харидории мардуми Амрико низ таъсири манфӣ гузошта ва ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ низ осеб мерасонд. Гузашта аз ин, варшикастагии ду муаасисаи амрикоӣ метавонист, ба иқтисоди Ҷопону Чин латма занад, ки ҳарду кишвар коғазҳои қимматбаҳои Фаннӣ Мей ва Фреддӣ Макро харидаанд. Ва таъсири бади варшикастагии ин ду муаасиса ба иқтисоди ҷаҳон мисли он мешуд, ки афтидани як домино тамоми дигар донаҳои онро меафтонад.

Фаннӣ Мей ва Фреддӣ Мак, ки бо мусоидати конгресси Амрико таъсис шудаанд, тақрибан 5 триллион доллар замонати қарзҳои масканро доранд. Саъйи давлати Амрико барои наҷоти ин ду муаасисаи молӣ бузургтарин талоши давлат ҷиҳати ҷилавгирӣ аз амиқрафти бӯҳрони маскан ё ипотека дар Амрико аст. Ҳукумати Амрико акнун барои дармони Фаннӣ Мей ва Фреддӣ Мак раҳбарони онро иваз карда ва дар ҳаҷми як миллиар доллар саҳмияҳои ҳар ду муассисаро мехарад ва ҳамчунин дар сурати зарурат 200 миллиард доллар сармояи изофӣ дар ихтиёри онҳо мегузорад. Саҳмиядорони ҳарду ширкат то соли 2009 ҳеҷ фоидае ҳам нахоҳанд гирифт.

Ҳарчанд иқдоми ҳукумати Амрико барои наҷоти ин ду муаасисаи молӣ ба бозорҳои молии кишварҳои Осиё ва Аврупо таъсири мусбат расонд ва қимати саҳмияҳоро боло бурд, аммо, ба гуфтаи иқтисоддонон, бӯҳрони бозори маскани Амрико ва таъсироти бади он ба бозорҳои молии ҷаҳон ба ин зудӣ хотима нахоҳад наёфт.

XS
SM
MD
LG