Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2009-ро Соли Имоми Аъзам дар Тоҷикистон эълон намуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки соли оянда дар ин кишвар 1310-солагии Имоми Аъзам, асосгузори ҷараёни ҳанафия дар дини Ислом, ҷашн гирифта мешавад.
Дар ин бора имрӯз, 8-уми сентябри соли 2008, Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханрониаш ба муносибати 17-умин солгарди Рӯзи истиқлоли миллии Тоҷикистон дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе хабар дод. Э. Раҳмон хизмати Имоми Аъзамро дар инкишоф ва муттаҳидсозии дини Ислом баҳои баланд дода, аз ҷумла, мутазаккир гардид, ки «Ҷудошавии дини Ислом аз фарҳанги миллии мо ва ҷудо донистани фарҳанги миллӣ аз ин дин хато буд».
Абӯ Ҳанифа ан-Нуъмон бин Собит, машҳур ба Имоми Аъзам, солҳои 699 – 767 зиндагӣ кардааст. Имоми Аъзам ҳамчун донандаи беҳтарини фиқҳи исломӣ эътироф шудааст ва се чаҳоряки донишҳои муъосир оид ба фиқҳ, ки аз Қуръони шариф ва Суннат гирифта шудаанд, ба Абӯ Ҳанифа ё Имоми Аъзам мансуб дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG