Пайвандҳои дастрасӣ

2009 соли Имоми Аъзам эълон карда шуд


Раисиҷумҳури Тоҷикистон соли 2009-ро Соли асосгузори мазҳаби «Ҳанафия» - Абу Ҳанифа (Имоми Аъзам) эълон кард. Вай дар ин бора имрӯз, 8-уми сентябр, дар маъракаи бахшида ба 17-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон эълон намуд. Дар чаҳорчуби ин чорабинӣ соли оянда 1310-умин солгарди ёдбуди Имоми Аъзам дар Тоҷикистон ҷашн гирифта хоҳад шуд. Имоми Аъзам Абу Ҳанифа (Ан-Нуъмон бин Собит) дар авоили асри 8-и мелодӣ дар хонаводаи эронитабор дар шаҳри Куфа ба дунё омада, ба сар бурдааст. Имрӯз 97 дарсади аҳолии Тоҷикистон пайравони мазҳаби Ҳанафия мебошанд. Ҳанафия – яке аз мазҳабҳои серпайравтарини ислом буда, пайравони он дар аксари кишварҳои мусулмонӣ зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG