Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи Эмомалӣ Раҳмон ба мардум


Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ваъда додааст, ки ҳукуматаш то се соли дигар истиқлолияти энержӣ дар Тоҷикистонро таъмин хоҳад кард. Зимни суханронии бахшида ба 17-умин солгарди истиқлолияти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ҳукумат ҳар кори мумкинро хоҳад кард, то дар зарфи се соли оянда Тоҷикистон қодир ба таъмини худ бо энержии дохилӣ бошад. Раиси ҷумҳур бунёди нерӯгоҳҳои барқи обиро масъалаи ҳаёту мамот дар кишвар номида ва ҳамчунин қавл додааст, ки дар зарфи се ё чаҳор соли оянда аҳолии Тоҷикистон аз ҳисоби гази худӣ таъмин хоҳад шуд. Ба гуфтаи вай, захираҳои гази Тоҷикистон беш аз триллион метри мукаабро ташкил медиҳад. Тоҷикистон ҳар мавсими сармо қодир ба таъмини мардум бо газ ва нерӯи барқи кофӣ нест ва соли гузашта мардумаш ранҷи бӯҳрони амиқи энержиеро кашиданд, ки дар натиҷаи он ба иқтисоди кишвар бештар аз 800 миллион доллар зиён расид.

XS
SM
MD
LG