Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавқеъи ягонаи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо


Нишасти изтирории сарони ИА оид ба вазъи буҳронӣ дар Гурҷистон, 1.09.2008
Нишасти изтирории сарони ИА оид ба вазъи буҳронӣ дар Гурҷистон, 1.09.2008

Дар пешорӯи сафари Николас Саркозӣ, раисҷумҳури Фаронса, ба Маскав вузарои хориҷаи кишварҳои узви ИА мавқеъи ягонаашонро намоиш доданд.

Ин тасмим дар нишасти дурӯзаи Иттиҳодияи Аврупо, ки дар шаҳри Авинёни Фаронса ду рӯз идома намуд, гирифта шуд.
Николас Саркозиро дар сафараш ба Русияву Гурҷистон раиси Комиссияи Аврупо Жозе Мануэл Барозу ва масъули сиёсати хориҷаи иттиҳодия Ҳовйер Солана ҳамроҳӣ мекунанд. Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад марҳилаҳои хурӯҷи артиши Русия нахуст бевосита аз қаламрави худи Гурҷистон ва баъдан, ҳадди ақалл, қисман аз ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон тазмин дода шавад.

Ҳангоми суханрониаш дар поёни нишасти ИА 6 сентябр Франк Валтер Штейнмейер, вазири корҳои хориҷии Олмон, изҳори итминон намуд, ки Русия тамоми 6 банди қарордоди оташбасро, ки бо миёнҷигии Саркозӣ 12-уми август ба имзо расида буд, иҷро хоҳад кард: “Ман умедворам, ки дар давоми чанд моҳи оянда мо маҷбур нахоҳем буд таъсис ва эъзоми ҳайъати нозиринро баррасӣ кунем. Ман бовар дорам, ки, тибқи нақшаи иборат аз 6 банд, Русия фарохонии артишаш аз қаламрави худи Гурҷистон, инчунин Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистонро бояд пазирад. Мо бовар дорем, ки Русия ба ваъдаҳояш содиқ мемонад”.
Дар ҳамин ҳол, Иттиҳодияи Аврупо омодааст намояндаҳояшро ба гурӯҳи нозирони Созмони амният ва ҳамкори Аврупо, ки феълан ба Гурҷистон эъзом мешаванд, илова кунад. Инчунин, 15-уми сентябр ин иттиҳодия расман дар бораи омодагиаш ҷиҳати фиристодани гурӯҳи нозирини худаш иборат аз 200 нафар ба Гурҷистон эълом хоҳад кард. Аммо мақомдорони расмии Русия равшан гуфтанд, ки бо шарҳи Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди 6 банди қарордоди оташбас розӣ нестанд.

Маскав иддаъо дорад , ки қарордоди оташбас ба вай ҳаққеро медиҳад, ки артишаш дар минтақаи амниятӣ дар қаламрави Гурҷистон атрофи марзи Осетияи Ҷанубӣ боқӣ бимонад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Русия то ҳол низомиёнашро аз хоки он кишвар фаро нахондааст.

Зимни нишасти изтирории Иттиҳодияи Аврупо 1-уми сентябр дар Бруссел, сарварони кишварҳои аврупоӣ тасмим гирифтанд гуфтушунидҳо бо Маскав перомуни созишномаи нави ҳамкориро мутаваққиф кунанд.
Дар нишасти рӯзи шанбеи ахир вузарои кишварҳои ИА тасмим гирифтанд низоми судури раводиди сафар барои шаҳрвандони Гурҷистон сабук карда шавад ва бо он кишвар қарордоди тиҷорати озод баста шавад. Қарор аст, ки конфронси сармоягузорони Гурҷистон моҳи октябр доир гардад.
Дирӯз Иттиҳодияи Аврупо ба Гурҷистон 100 миллион евро кумак ваъда кард. Худи ҳамин рӯз вазири корҳои хориҷаи Италия Франко Фратинӣ изҳор намуд, ки фикри ноиби раисҷумҳури ИМА Дик Чейнӣ дар бораи зарурати “ҳамкории фаъъолона” барои баромадан аз буҳрони Гурҷистонро дастгирӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG