Пайвандҳои дастрасӣ

Қарздиҳандаҳо зери назорати ҳукумати ИМА гузаштанд


Вазири молияи ИМА Ҳенрӣ Полсон эълон кард, ки ҳукумат назорати ширкатҳои қарздиҳандаи Fannie Mae ва Freddie
Mac-ро ба дасти худ мегирад. Ду ширкати ёдшуда, ки оинномаашонро ҳукумат тартиб дода, назораташонро саҳмиядорон бар ӯҳда гирифта буданд, 50% қарзҳои харидории макони зист дар ИМА-ро тақдим кардаанд. Вазорати молияи ИМА тасмим гирифтааст ба ҳар яке аз ин ширкатҳо то 100 миллиард доллар сармоягузорӣ намояд, то онҳо аз варшикастагӣ эмин монанд.
Полсон гуфт, Fannie Mae ва Freddie Mac бо низоми молии ИМА иртиботи зич доранд ва муфлисии ҳар яке аз онҳо бозорҳои молии ИМА ва саросари оламро бе сару сомон хоҳад кард. Мудирони иҷроияи ҳар ду ширкат аз мансаб барканор шудаанд.
XS
SM
MD
LG