Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Штейнмейер бо Меркел рақобат хоҳад кард


Ҳизби сотсиал-демократи Олмон (СДП) вазири корҳои хориҷии ин кишвар Франк-Валтер Штейнмейерро рақиби канстлер хонум Ангела Меркел дар интихоботи соли оянда эълон кард.
Раиси СДП Курт Бек ба истеъфо рафту ҷои ӯро собиқадори ин ҳизб Франтс Мюнтерферинг ишғол намуд. Дар як назархоҳие, ки ахиран телевизиони мардумии ARD-и Олмон барпо намуд, Штейнмейер маҳбубтарин сиёсатмадори ин кишвар шинохта шуд.
XS
SM
MD
LG