Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷамъбасти ҷашнвораи синамо дар Венис


Коргардони амрикоӣ, Доррен Аронофски барои филми "Куштигир" барандаи Шери тилои ҷашнвораи Венис гардид. Нақши асосиро дар филм Миннӣ Рурк мебозад ва куштигири пирест, ки маҷбуран бознишаста мешавад ва дар пиронсолӣ ба як раққосаи миёнасол ошиқ мегардад. Мунаққидони синамо ин филмро бозгашти Рурк ба фарши қирмиз номиданд. Шери нуқраи ҷашнвора насиби коргардони рус, Алексей Германи хурдӣ шуд барои филми "Сарбози коғазӣ".
XS
SM
MD
LG