Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари Саркозӣ ба Маскав


Президенти Фаронса, Николас Саркозӣ ҳамроҳ бо намояндагони аршади Иттиҳоди Аврупо рӯзи душанбе ба Маскав сафар мекунад, то мақомоти Русияро ба ҳалли низоъ бо Гурҷистон мутақоъид гардонад. Ӯро дар ин сафар, раиси Кумисюни Аврупо, Жозе Мануел Баррозо ва масъули сиёсатҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо, Ҳавиер Солана ҳамроҳӣ мекунанд.

Тасмими ин сафар дар нишасти Иттиҳоди Аврупо дар Авинйони Фаронса гирифта шуд ва вазири умури хориҷии Олмон Франк Валтер-Штенмейер дар ин бора гуфт, ки Аврупо ба шаш асли оташбас таъкид хоҳад кард: "Умедворам, зарурати ҳайати нозирон дар минтақа ҳарчи зудтар ҷои баҳс нахоҳад дошт. Тибқи созишномаи шашбанда хуруҷи нерӯҳои Русия аз Гурҷистон ба Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазия чизест, ки Русия бояд бипазирад. Ва мутмаъинем, ки Русия ба ваъдаҳояш вафо хоҳад кард."

Нерӯҳои Русия ҳаштуми август дар ҷавоб ба кӯшиши нерӯҳои Гурҷистон дар ишғоли Схинволӣ вориди хоки Гурҷистон шуда, аз баъзе манотиқи он хориҷ нашудаанд.
XS
SM
MD
LG